Равшандилон ба ҳар ки расиданди ҳамчуи субҳ

Доданд ҷон , нафас накашиданд ҳамчуи субҳ

Шукри худо ки оқибати кор , ошиқон

Пероҳанӣ ба сидқ дариданд ҳамчуи субҳ

Ҷамъӣ ки пай ба доғи мукофот барда анд

Як гули фузуни з боғ начеданд ҳамчуи субҳ

Аз гирди кӣнаи соф буд обгина ам

Нофи маро ба меҳр буриданд ҳамчуи субҳ

То шишаи гардан аз сари девор хам кашид

Мисатони бағал кушода давиданд ҳамчуи субҳ

Соиб хамӯш бош ки хуршеди талъатон

Бар мо рақам ба сидқ кашиданд ҳамчуи субҳ