Аз назарҳо чун кунад ваҳшати ниҳони девона ро

Санг Тифлон мешавад санги нишони девона ро

Чун Сиёвуши солим аз дарёӣ оташ бугзарад

Мураккаби негар буд дар зери рони девона ро

Оташ сӯзандаро хошоки бол ва пар шавад

Ҳеҷ парво нест аз захми забони девона ро

Барги айши биксон дар ҳар гузар омода аст

Санг , ҳам нақласт ва ҳам ратли гарони девона ро

Аз маломат мекунад андешаи ақли шишаи ҷон

Санг Тифлон мешавад санги Фсони девона ро

Аз рафиқони мувофиқ , шавқ мегардад зиёд

намекунад боди баҳори оташи Аннани девона ро

Шавкат дарё нагунҷад зери домони ҳубоб

Пардаи номӯс чун созад ниҳони девонаро ?

Қисмати комили з ноқис нест ғайр аз ҳарфи сахт

Санг мебошад насиб аз кӯдакони девона ро

Бо ман маҷнӯн макун ковуши зи нодонӣ ки нест

Ғайри ҳарфи рост , тирӣ дар камони девона ро

Май баради ойӣнаро хокистар аз дили занги ғам

Гӯшаи гулхан бааст аз гулистони девона ро

Санги боради соиб аз ёди ҷунун бар сари маро

Ҳар куҷо гиранд Тифлон дар миёни девона ро