Оҳ аз занги кудурат пок созад сина ро

намешавад равшани зи хокистари саводи ойӣна ро

Гар меравшан кунад аз машриқи минои тулӯъ

Субҳи шанбе ме тавон кардани шаби одина ро

наме тавон дар синаи равшани замирон рӯй дид

Об месозад фурӯғи ин гуҳари ганҷина ро

Зиндагонӣ бо фишори қабр кардан мушкил аст

Пок кун аз сафҳаи хотири ғубори кӣна ро

Дидаи ойӣнаро ҷавҳар буд мӯии зиёд

Пок кун чун суфиён аз илми расмии сина ро

Бо басират , чашм зоҳирбин намеояд ба кор

Равзанӣ ҳоҷат набошад хонаи ойӣна ро

Чун зираи зери қабо , пӯшида аз мардум кунанд

Мӯшикофони тариқати хирқаи пашмина ро

Хирқаи пӯшӣ , бар ду олами остин афшодан аст

Чун гадоёни рқъаҳ ҳоҷат макун ҳар пина ро

Дар ғами фардои саромади шодии имрӯзи мо

Ёди шанбеи талх бар Тифлон кунад одина ро

Нест соиби илми расмии синаи софонро ба кор

намекунад мағшуш , ҷавҳари сафҳаи ойӣна ро