То бар лаб ту афтод чашми ситораи субҳ

Шуд об аз хиҷолати қанди дубораи субҳ

Аз серумаи дили шаб равшан шавад чароғаш

Ҳар каси зи хоби хезади пеш аз ситораи субҳ

То оташин накардааст аз офтоби пистон

Обӣ ба рӯй худ зан эй ширхораи субҳ

Нақди ҳаёти худро сарфи парӣ рухон кун

Каз васл офтобаст умри дубораи субҳ

Дар синаҳои софаст дилҳои зиндаро ҷой

Хуршеди шер мастаст дар гоҳўораҳи субҳ

Дар баҳр ва бар олами шабҳо далел гардад

Чашмӣ ки шуд чу анҷуми маҳви назораи субҳ

Перони софи тинати рой савоб доранд

Соиби магаради ғофил аз астшораҳи субҳ