эй хаданги оҳ кӯтоҳӣ макун дар кини чарх

Чашмаҳои хӯн равон кун аз дили сангини чарх

Шуълаи савдои сазовори сари пуршӯри мост

Оташ хуршед хоҳад миҷмари заррини чарх

Теғу ҷом май ба каф берун хиромед офтоб

То шавад равшан ки ҳамдастаст меҳру кини чарх

Қисмати шаби зинда дорон мешавад анвори файз

Нофа андозад дили шаби оҳӯии мишкӣни чарх

Бо масеҳои муҷарради зери як пероҳан аст

Чун насузад шамъи меҳру моҳ бар болини чарх ?

Мӯ бар андомаши забони мор ва афъӣ ме шавад

Аз ситора ҳар киро дандони намояди кини чарх

Бо забони гандумин худ қаноат карда ем

Нест моро чашми ризқ аз хӯшаи парвини чарх