То гулистонро ниҳоли қоматаш обод кард

Боғбони чандини хиёбони сарвро озод кард

Сангро дар нола май оради видоъи дӯстон

Бесутуни фарёдҳо дар мотам Фарҳод кард

Нест чун ҷавҳар агар дар боли ҳиммати кӯтаҳӣ

наме тавон парвозҳо дар байза фӯлод кард

Муддатӣ шуд гарчи аз ҷӯши нишот афтода ем

наме тавон аз хоки мо майхонаҳо обод кард

Тоҷдоронро тариқи хусравӣ таълим дод

Ин ки аз ҳудҳуди сулаймони вақти ғайбат ёд кард

ӣнқадари тамҳид дар таъмири мо дар кор нест

наме тавон моро ба гирди доманӣ обод кард

Оҳ агар завқ гирифторӣ нахоҳад узри мо

Ваҳшати мо хӯни олам дар дил сайёд кард

Рафт дар ганҷи гуҳари поиш чу девори ятем

Чун Хизр ҳар кас ки дар таъмири мо имдод кард

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки фатҳӣ гуфта аст

Аз фаромӯшон мабод он кас ки моро ёд кард