Ончӣ рӯй сахти ман бо силӣ устод кард
Кӣ тавонад бесутун бо панҷа Фарҳод кард ?
Бандаи мқбл ба озодӣ сазовораст , лек
Бандаи шоистаро чун ме тавон озод кард ?
Нохуни дахли ҳасудон бо сухан ҳаргиз накард
Ончӣ дар зулфи ту бо дили шона шамшод кард
Дард бар ман ногувор аз пурсиш аҳбоб шуд
Талх бар ман идро расм мборкбод кард
Тору пуди олами имкон ба ҳам пайваста аст
Олимиро шод кард он кас ки як дил шод кард
Шасти дасташро ба оби зиндагии меъмори сунъ
Хизри девори ятемиро агар обод кард
Гарчи дар обу гули ман ишқ ободӣ наҳашт
наме тавон зини мушти гули бтхонаҳҳо обод кард
Ин ғазалро пеши азин ҳар чанд иншо карда буд
Соиб аз рӯҳи фиғонии дигар истимдод кард