Умрҳо машқи ҷунун ҳар кас ки чун маҷнӯн накард

Аз хати девонии занҷири сар берун накард

Ҷомаи саргаштагӣ бар қомати ман рост аст

Гирдбоди ин рақсҳо дар доман ҳомӯн накард

Биғмӣ рӯй маро бар рӯй оташ дошта аст

Бодаи гулранги рухсори маро гулгун накард

Умрҳо бо духтари рузи ҳамдаму ҳамхона буд

Зиндагонии кас ба ҳикмати ҳамчу афлотӯн накард

Зерибори миннати зулфаши ҳамин шамшод нест

Сарв бе таҳрики қадаши мисраӣ мавзун накард

Дар чунин фаслӣ ки оташи сари буруни оради зснг

Андалеби мо сар аз кунҷи қафас берун накард

Даст аз вайронии ман пастӣ толеъ надошт

То ғубори дили марои ҳам кисват қорун накард