Оҳи сардии нотавононро ба фарёд оварад
Бод чун шери ин Нитсаатонро ба фарёд оварад
Ҳасан нозкдл надорад тоқати тамкини ишқ
Булбули хомаши гулистонро ба фарёд оварад
Гиря бар ошиқ гуворо нест дар шабҳои васл
Абр бе ҳангоми деҳқонро ба фарёд оварад
Аз гронҷонони коҳил ҷисм дорад шиква ҳо
Пой хоб олуд домонро ба фарёд оварад
Аз муғелон гарчи май ноланди доими раҳравон
Пои гарми мо муғелонро ба фарёд оварад
Дорад аз чӯби гадои қуфли даҳони саги калид
Дидани соили хасисонро ба фарёд оварад
Бори дарди хешро соиб агар беруни даҳум
Кӯҳу саҳроу биёбонро ба фарёд оварад