Аз сари ман мағзро савдо бурун ме оварад

Зӯри ин май пунба аз мино бурун ме оварад

Хурда аз сангин дилон натавон ба ҳамворӣ гирифт

Ин шарарро оҳан аз хоро бурун ме оварад

Кӯчаи занҷири бен бастаст дар зоҳир , вале

Ҳар ки рафт онҷои сар аз саҳро бурун ме оварад

Бар сбкборон буд мавҷи хатари боди мурод

Кафи гилӣми хеш аз дарё бурун ме оварад

Аз тамошои дида ҳар кас ки бар ибрат буд

Аз ҳубоби пучи гавҳарҳо бурун ме оварад

Сари براردи ҳамчуи сӯзан аз гиребони Масеҳ

Раҳравонро ҳар ки хор аз по бурун ме оварад

Аз қазо натавон ба дасту пой кӯшиш шуд халос

Моҳёнро кӣ пар аз дарё бурун меоварад ?

Хӯни абри раҳмат аз лабҳои хушк ояд ба ҷӯш

Бодаро паймона аз мино бурун ме оварад

Номаи шавқи маро ҳар кас гузорад дар бағал

Чун кабӯтари болу пар аз по бурун ме оварад

Нест соиб дар замини шӯри боронро асар

Аз кудурат кӣ марои саҳбо бурун меоварад ?