Ҳар ки дил зон панҷаи мижгон бурун ме оварад
Ҷавҳар аз шамшери ҳам осон бурун ме оварад
Дар риёзи ҳасан ӯ ҳар кас ба гул чидан равад
Ҳамчуи наргиси дидаи ҳайрон бурун ме оварад
Пистаро аз пӯсти умеди мулоқоти шукр
Гарчи дил хӯн мекунад , хандон бурун ме оварад
Хоби пучи ин азизони қобил таъбир нест
Юсуфи моро ки аз зиндон бурун меоварад ?
Дар талаб ҳар кас ки чун ғаввоси по аз сар кунад
Аз дили дарёи гуҳари осон бурун ме оварад
Бар заъифони ҷавр камтар кун ки ҷӯши интиқом
Аз танури перзани тӯфон бурун ме оварад
Шоху барг орзӯҳо мешавад мӯии сифед
Ҳирс дар садсолагии дандон бурун ме оварад
намекунад ҳар кас ба абнои замон бо зиндагӣ
Тухми сахт аз панҷаи Тифлон бурун ме оварад
Ошиқонро дарду доғи ишқи боғи длгшост
Ишқ аз оташи сунбулу райҳон бурун ме оварад
Ҳар ки соиби гӯшае аз мардум олам гирифт
Киштӣ аз дарёӣ бепоён бурун ме оварад