Шамъи моро оқибати ашк дамодам ме хӯрд

Ҳосили ин бӯстонро чашм шабнам ме хӯрд

намехӯрам хӯн аз суфолу лаб ба дандон май газам

Вой бар он кас ки май аз соғар ҷам ме хӯрд

Бодаи лаълии ниҳон дар санг агар гардад равост

Дар чунин аҳдӣ ки одами хӯн одам ме хӯрд

Шуълаи хошокро по дар рикоб риҳлат аст

Гармии ҳангомаи хати зуд бар ҳам ме хӯрд

Лутфи ҳақ дар санги рӯзӣ май расонад бе дареғ

Баҳри рӯзии одамии чандин чаро ғам мехӯрд ?

Файзи аҳли ҷӯад яксонаст дар мӯату ҳаёт

Корвони рӯзии ҳамон аз хок ҳотам ме хӯрд

Пушт бар гул кард шабнам , дид то хуршед ро

Суҳбати зуди ошноёни зуд бар ҳам ме хӯрд

Ғӯта дар хӯн шафақ зад моҳи нав то ризқ ёфт

Кист каз гардуни лаби ноне мусаллам мехӯрд ?

Мавҷ бе парвои зтъмири ҳубоб осӯда аст

Кӣ ғами дилҳои мо он зулф пурхам мехӯрд ?

Гар нагирад панҷаашро сайри чашмӣҳои ҳасан

Теғ ӯ хӯни ду оламро ба як дам ме хӯрд