Чун зи боди он зулф чун занҷир бар ҳам ме хӯрд
Ишқро сари риштаи тадбир бар ҳам ме хӯрд
Чашм ӯ чун нохуни мижгон ба якдигар занад
Маҷлиси осӯдаи тасвир бар ҳам ме хӯрд
Расм омезиш намебошад дарин ваҳшати саро
Аз шукри ӣнҷои мизоҷи шер бар ҳам ме хӯрд
Гар чунин хоҳад дўондни реша дар дилҳо нифоқ
Илтиёми ҷавҳар ( ва ) шамшер бар ҳам ме хӯрд
Биқрориҳои зулф аз биқрориҳои мост
Дом аз битобии нахҷӣр бар ҳам ме хӯрд
Чун ғараз дар ошноӣ нест , медорад бақо
Суҳбати ёрони холиси дайр бар ҳам ме хӯрд
То ба кӣ айби шароб куҳна гуяд мӯҳтасиб ?
Ихтилоти мо ва ин бепер бар ҳам ме хӯрд
Муҳаррам зулфаш нашуд то шонаи по аз сар накард
Ин раҳи хобида аз шабгир бар ҳам ме хӯрд
Банду зиндонро барои оқилон омода анд
Варна аз зӯри ҷунуни занҷир бар ҳам ме хӯрд
зи интизори ҳашар , арбоби назар дар оташанд
Шамъ май сӯзад чу суҳбати дайр бар ҳам ме хӯрд
То қиёмати суҳбат зоҳид нахоҳад монад гарм
Зуди ин ҳангомаи тазвир бар ҳам ме хӯрд
Чашми шеру дида нахҷӣр меуфтад ба ҳам
Ҳар куҷои тадбир бо тақдир бар ҳам ме хӯрд
Рости кишонро саранҷом сафар бошад яке
Дар ҳаволии ҳадафи сад тир бар ҳам ме хӯрд
Талх дорад ёди маҳшари зиндагониро ба мо
Хоби мо аз даҳшати таъбир бар ҳам ме хӯрд
Ҷилвае аз қоматаши соиби ҷаҳониро бас аст
Олимии нахҷӣр аз як тир бар ҳам ме хӯрд