Аз сиришки талх худ бошад шароби ноби мо

Чун замини шӯр аз худ метаровад оби мо

Обрӯии гавҳар аз гирд ятемӣ ме шавем

Баҳрро созад ғуборолуд агар сайлоби мо

Бо камол бе қарории дилнишин афтода ем

Дар кафи ойӣна лангар мекунад симоби мо

Оҳи сарди мо ҷаҳониро ба шӯр оварда аст

намекунад кори намак дар дидаҳо маҳтоби мо

Аз дил чокем дар дайру ҳарам бо обрӯӣ

Кофару муъмин наме печади сар аз миҳроби мо

Баҳрро ваҷду самоъи мо ба шӯр оварда аст

Оҳ аз он соъат ки аз гардиш фитад гирдоби мо

Баҳрро сарпанҷа марҷон наяндозад зи ҷӯш

Дасти кӯтаҳи дори зинҳор аз дил бе тоби мо

Устихон дар пайкари мо тўтё хоҳад шудан

Гар чунин гардад гарони соиби зи ғифлати хоби мо