Чун надорад ҳарфи раҳ дар хилвати маҳҷӯби мо
Печу тоб беқарориҳо буд мактуби мо
Пеши мо васли либосии парда бегонагӣ аст
Чашм май пӯшади зи буии перҳани ёқӯби мо
Ғайри таслиму ризо дар ваҳшати ободи ҷаҳон
Кист дигар то кунад макрӯҳро марғӯби мо ?
Теғро гардад забон кунад аз сипар андохтан
Хасм ғолиб мешавад зи афтодагии мағлуби мо
Аз талоши васл бар мо зиндагонии талх буд
Шуд зи ҳасани оқибати дарди талаби матлӯби мо
Ҷазбаи дарёи далели сайли по дар гул бас аст
Раҳнаморо май шуморади санги раҳи маҷзӯби мо
Ҳаст дар ҳар нуқтае пӯшидаи сад тӯмори ҳарф
Срсрӣ чун хома соиб магзар аз мактуби мо