Аз сиёҳии дил ба тақсироти худ бино нашуд
Мастии тоўс кам аз айби пеш по нашуд
Талхкомони ҷони ширинро ба рағбат ме диҳанд
Хӯн май ҳаргизу боли гардан мино нашуд
То каф дарё нигарадед устихон суда ам
Гиряи шбхизро субҳи асар пайдо нашуд
Буд доими фориғ аз дунёи дил озода ам
Ин садафро коми талх аз шӯриш дарё нашуд
Дар либоси лафз , маънӣ худнамое ме кунад
Ишқи пинҳон буд то маҷнӯни мо пайдо нашуд
Фориғ аз кӯҳи ғами дунёсти ҷони бурдбор
Қофро паҳлуи кабӯд аз соя анқо нашуд
Гиря мастона нагушӯд аз раги ҷонами гиреҳ
Токро дар гиря кардани уқда аз дил во нашуд
Бахя пардозаст чоки синаи мо ҳамчуи субҳ
Варна соиби кӯтаҳӣ аз сӯзан исо нашуд