Дарди ман хотирнишони ёр бепарво нашуд
Хизмати чашми терм дар роҳ ӯ маҷро нашуд
Ошиқӣ , бар хорӣ ва беэътиборӣ сабр кун
Андалеб аз ханда бе ҷои гул аз ҷо нашуд
Вақти он девонаи хуш каз шаҳр чун мешуд бурун
Ғайри занҷири ҷунун бо ӯ касе ҳам по нашуд
Хандаи гул чун тавонад сохтан бе ғами маро ?
Хотирам аз гиряи талхи суроҳеи воншд
Соиб аз чашми бади кавкаб , ки ёрб кӯри бод
Мавсим гул рафту чашми соғари мо воншд