Захми гули об аз навой обдорм ме кашад

Шӯри булбули хиҷлат аз ҷӯш баҳорам ме кашад

Аз мурувват нест маҷнӯни марои оқил шудан

Дар сар ҳар кӯчаи тифлӣ интизорам ме кашад

Гарчи доман бар самар чун сарву бед афшонда ам

Ҳамчунон санги маломати зер боРом ме кашад

Ваҳше каз сояи худ хона месозад ҷудо

Ин қадари дунболи худ ёрб чаҳ корам мекашад ?

Рӯй сахтӣ каз дил чун оҳан ӯ дида ам

Гар шавам дар санги пинҳон , чун шарорам ме кашад

Шуд намоёни захмам аз сайри хиёбони биҳишт

Дил ба сайри кӯчаи боғи зулф ёрам ме кашад

Чун тавонам пой дар доман чу бедардон кашид ?

Хори саҳрои маломат интизорам ме кашад

Он ки доман бар чароғи умр ман зад , ин замон

Остин бар гиряи шамъ мазорам ме кашад

Соиби он нахли барӯмандам ки дар фасли хазон

Хӯни гули гардани зи ҷайб шохсорам ме кашад