Ғофилӣ каз дили нафас беёд яздон ме кашад
Далвии худ холии бурун аз чоҳ канъон ме кашад
Дар биёбоне ки мо саргаштагон афтода ем
Пои ҳайрати гирдбоди онҷо ба домон ме кашад
Гар ба зоҳири зоҳид аз дунё кунад паҳлуи тиҳӣ
Аз фиреб ӯ машав ғофил ки майдон ме кашад
Аз тазалзули қадар осоиш шавад зоҳир ки хок
Тўтё гардад ба чашми ҳарки тӯфон ме кашад
Дидаи мағрури мо мушкили писанд афтода аст
Варна маҷнӯни нози Лайлӣ аз ғизолон ме кашад
Оташи ёқӯтро дасти тазаллум кӯтаҳ аст
Аз чаҳ қотили доман аз хок шаҳидон мекашад ?
То нагардад ғофил аз ҳоли гирифторони хеш
Ишқ чанде моҳи канъонро ба зиндон ме кашад
Рӯ намегирданд аз чини ҷабини нафаси хасис
Ин гадои хираи чӯб аз даст дарбон ме кашад
Нахли бороўри зи зер бор меояд бурун
Ҷазбаи девонаи санг аз даст Тифлон ме кашад
намерасад озори бадгавҳар ба равшани гавҳарон
Панҷаи хунин ба рӯй баҳр марҷон ме кашад
То сафи мижгони оҳӯи чашми моро дида аст
Хати зи мижгон бар замини хуршед тобон ме кашад
Нотавонон бар зибардастон олам ғолибанд
Оби худ аз Зуҳраи шери ин Нитсаатон ме кашад
Ҳаркии соиби ҳамчуи маҷнӯни завқ расвоӣ чашид
Миннати ратли гарон аз санг Тифлон ме кашад