То бурун омад ба сайри моҳи он мишкӣни каманд
Бар фалаки моҳи тамом аз ҳола шуд знорбнд
Ваъдаи лутфу паёми бӯсае дар кор нест
намекунад мактуби хушкии захми моро хушки банд
Срдмҳрии лозими чархи кабӯд афтода аст
Барфи ҳаргиз кам намегардад азин кӯҳи баланд
эй ки май хоҳии броиӣ чун масеҳо бар фалак
Нест ғайр аз рахнаи дили роҳи ин боми баланд
Аз таҳи дил гӯш кун эй оташи сӯзон , ки ман
Дар бисоти зиндагии як нола дорам чун сапанд
Суҳбати некон , бидонро чун тавонад кард нек ?
Талхӣ аз бодом натавонист беруни баради қанд
Сайлро хошок дар занҷир натавонад кашид
Раҳравони ишқро дунё нагардад пои банд
Зулфи соиб бар дили хўнбори ман раҳмӣ накард
Аз ғубори хати магари ин захм гардад хушки банд