Пой рафтан аз ҳарим ӯ куҷо дорад сапанд ?

Дар тамошогоҳ ӯ по дар ҳино дорад сапанд

Гар бар оради ишқи дӯд аз хирмани мо гӯ барор

Чун халил аз шуълаи боғ длгшо дорад сапанд

Биқроронро назар бар миннатҳои матлаб аст

То дар оташ нест , оташи зер по дорад сапанд

Дар ҳарими ишқи ъолмсўз хомӯшӣаст боб

Давр мегардад зи оташ то садо дорад сапанд

Бе муҳобои сина бар дарёӣ оташ ме занад

Дар назари ҳасани глўсўз киро дорад сапанд ?

Ҷустан аз доми гиреҳгири тааюн саҳл нест

Хурдаи ҷони баҳри оташи рӯ намо дорад сапанд

Бар лаби мо меҳри хомӯшӣ задан инсоф нест

Дар бисоти зиндагонии як наво дорад сапанд

Солҳо шуд бистару болини з оташ карда ем

ӣнқадари сомони худдорӣ куҷо дорад сапанд ?

Пеши мо каз оташини рӯйони ҷудо афтода ем

Лиззати овози пой ошно дорад сапанд

Ихтиёрӣ нест соиби изтироби мо зъшқ

Пеши оташ чун дили худро баҷо дорад сапанд ?

То насузад пок , ҳайҳотаст соиб во шавад

Уқдае дар дил каз ин ваҳшат саро дорад сапанд