Ҳоҷати дом ва камандӣ нест дар тасхири мо
Гардиши чашмӣ буд баси ҳалқаи занҷири мо
Мо хароб аз оби шамшер тағофул гашта ем
наме тавон кардан ба гирди домании таъмири мо
Аз айёри номаи мо дардмандон огаҳанд
намешавад дар захми зоҳири ҷавҳари шамшери мо
Чун камон ҳар чанд мушт устихонӣ гашта ем
намешавад аз ҷавшани гардуни тарозуи тири мо
Дили зи бими ғамза аз зулфаш намеояд бурун
Бештар дар парда шаб мечарад нахҷӣри мо
Дар фазои хотири мо тир пайкон ме шавад
Оҳ мегардад гиреҳ дар синаи дилгири мо
Манзили нақли макони мости авҷи ломакон
Водӣ имкон надорад арсаи шабгири мо
Аз хиҷолат чун нагардад тешаи Фарҳоди об ?
Кӯҳро бардошт аз ҷои нолаи занҷири мо
Хоби мо бо хоби чашми ёр аз як парда аст
Ҳеҷ каси берун наме оради сар аз таъбири мо
Ганҷҳо дар гӯшаи вайрони мо дар хок ҳаст
Обрӯии саъйро гавҳар кунад таъмири мо
Дидан мо талхкомон талх созад ком ро
Доя гуё дод аз пистони ҳанзали шери мо
Модар аз фарзанди ноҳамвор хиҷлат ме кашад
Хоки сар боло наёрад кард аз тақсири мо
Худ ҳам аз зулфи дарози хеш дарбанд балост
Як сараш бар гардани Юсуф буд занҷири мо
Ин ки соиби дасти мо аз доман ӯ кӯтаҳ аст
Норасоиҳои иқболаст домангири мо