Тан ба беморӣ диҳад чашмаши паии тасхири мо

Ланг созад хешро оҳӯии оҳӯгири мо

Хонаи мо дар раҳи сайлоби ашк афтода аст

Ҳайф аз авқотӣ ки гардад сарф дар таъмири мо

Роҳи зулф ӯ ба тай кардан намеояд ба сар

Варна кӯтоҳӣ надорад турраи шабгири мо

Об мегирдем агар бар рӯй мо ореи гуноҳ

Бигузар эй пери Муғони дониста аз тақсири мо

Хоки роҳи ингору дарди ҷуръае бар мо бирез

Гирди хиҷлатро башу аз чеҳраи тақсири мо

Ҳамчуи захми тоза хӯн гардад равон аз ҷӯии шер

Бесутунро бар камар ояд агар шамшери мо

Бас ки соиб шуд хато аз сайд ва бар хоро нишаст

Хандаи дандон намо зад арра бар шамшери мо