Дар гулистонӣ ки булбули ҷӯш ғайрат ме занад
Боғбон дар сояи гули хоб роҳат ме занад
намешавад аз санги Тифлон чун тани маҷнӯни кабӯд
Холи Лайлии ҷома дар нил мусӣбат ме занад
Дар шабистонӣ ки май сӯзади бурун дар сапанд
Бе адаби парвонаи мо бол ҷуръат ме занад
Ишқ аз ҳар кас ки мехоҳад ҳадисӣ во кашад
Хомаашро шқ ба шамшер шаҳодат ме занад
Ҳар ки чун анқои канор аз мардум олам гирифт
Дар либоси гӯшагирӣ фол шӯҳрат ме занад
намешавад чун лолаи равшани шамъи умедаши зснг
Коса дар хӯни ҷигар ҳар кас ба рағбат ме занад
Ҳар ки дар давлат набинад пеши пои хеш ро
Гар саропо чашм гардад по ба давлат ме занад
Гарчи аз тӯфони касрат ҳар замон дар олимӣ аст
Қатраи мо соғар аз дарёӣ ваҳдат ме занад
Ҳар киро чун хол , ҳасани анбарин хат рӯй дод
Меҳр бар болои хуршед қиёмат ме занад
Абри раҳмати шасти соиби номаи аъмоли ман
Ашки гарми ман ҳамон ҷӯш надомат ме занад