Бо даҳони хушки ҳаркаси ханда тар ме занад

Соғари тбхолаҳаш паҳлу ба кавсар ме занад

Сайри чашмонро насозад тангдастии дарба дар

Ҳалқаи худро аз тиҳии чашмӣ ба ҳар дар ме занад

намекунад хокистарам дар ломакони парвозу шавқ

Ҳамчунон бар оташами домон маҳшар ме занад

Шуд зи савдои устихони паҳлавии ман бас ки хушк

Гар кунам бистари зи санги хора мстр ме занад

Дар замони ақди дандону лаби ҷони бахши ту

Дар садафҳо печу тоби ришта гавҳар ме занад

намефазояд ҳирсро неъмат ки дар дарёии шаҳд

Дасту пои мӯри ҳарис аз баҳр шукр ме занад

Он ки гул бар сар занад , ғофил ки ҳангом задан

Дастро бо шохи гули як бор бар сар ме занад

Чун илм дар ростӣ ҳар кас саромад гашта аст

Бе муҳобои ғӯта дар дарёӣ лашкар ме занад

Ҳарки мегуяд ҳадиси ишқ бо афсурдагон

Аз тиҳии мағзӣ ба хӯн мурда нашутур ме занад

Гарчи соиби бистару болини ман аз оташ аст

Мурғи рӯҳи ман зи хомӣ ҳамчунон пар ме занад