Гар назарбозӣ ба бол худ кунад тоўси мо

Ҷӯяд аз баҳри раҳои равзании маҳбӯси мо

Ғурбати мо дардмандон , пила озодагӣ аст

Нест ҷузи дому қафаси ҷой дигар мأнўси мо

Панҷа бо зӯри ҷунун кардан на кор ҳар кас аст

Санг меларзад ба худ аз шишаи номӯси мо

Дасти худро чун садаф бар рӯй ҳам нагузоштем

То нашуд ганҷинаи гавҳари кафи афсӯси мо

Гарчи ёр аз ҳоли мо ҳаргиз намегирад хабар

Хилвати ойӣна холӣ нест аз ҷосуси мо

Тоза гардад дар дили пуршӯри мо доғи куҳан

намешавад равшани чароғи кушта дар фонӯси мо