То хироми қомат ӯ барад аз сари ҳуши мо

Пушт бар девор чун миҳроб монад оғӯши мо

Омадӣ эй ишқу оташ дар салоҳ мо задӣ

Хуб кардӣ , пинае буд ин радо бар дӯши мо

Ҷавҳари моро май лаълӣ намоён ме кунад

намешавад аз бодаи афзӯни обу ранги ҳуши мо

Ҷоми мо дар парда дорад нағмаҳои ҷонгдоз

Дасти худ кӯтоҳ доред аз лаби хомӯши мо

Наъра мо мекунад меҳр хамӯширо сапанд

Хишти хамро дар фалохан мегузорад ҷӯши мо

Пштбонӣ чун сабу дорем дар дайри Муғон

Гӯ мазан дасти навозиши осмон бар дӯши мо

Нестии соиби ҳарифи доғҳои синаи сӯз

Дасти худ кӯтоҳи дор аз синаи пурҷӯши мо