Ханда чун зон ғунча мастур мегардад баланд

Аз ҷигаргоҳи Бадахшон шӯр мегардад баланд

Дигаронро серумаи шаб гарчи меҳр хомшӣ аст

Нолаи мо дар шаб диҷўр мегардад баланд

Даври гардонро ба дарё раҳнамое ме кунад

Дасти мо гоҳе агар аз давр мегардад баланд

Баҳри ибрати мардуми озорони оламро бас аст

Оташӣ каз хона занбӯр мегардад баланд

Ҳаст то ойӣнае равшани дарин ибрати саро

Аз сари хоки Сикандар нур мегардад баланд

Ишқи шӯрангез дар ҳар ҷои намак пошӣ кунад

Аз дили сад пораи мо шӯр мегардад баланд

Ихтиёрӣ нест дар гуфтори ҳақи ҳаллоҷ ро

Нолаи зини пушти камон безӯр мегардад баланд

Косаи чубини гадоро нола афсӯс нест

Ин садо аз коса фағфур мегардад баланд

Шуълаи овоз булбул мешавад соиб хамӯш

Нолаи могар ба ин дастур мегардад баланд