Ҳарфи он зулф аз дили девона мо шуд баланд

Ин шаби кӯтоҳ аз афсона мо шуд баланд

Ҳалқаҳо дар гӯши мурғон ҳарам хоҳад кашид

Бонги ноқавсӣ ки аз бтхонаҳ мо шуд баланд

Нағмаи шухӣ ки зад бар косаи Мансури санг

Даври аввал аз лаби паймона мо шуд баланд

Осмони сангдилро чашм ашколуд сохт

Дӯди оҳӣ каз мусӣбати хона мо шуд баланд

Кард шаҳрӣ ҳар куҷои девонае дар дашт буд

Шӯришӣ каз бозии тифлона мо шуд баланд

Хӯни дилро пеш азин медоштанд аз ҳам дареғ

Ин сало аз гӯшаи майхона мо шуд баланд

Хоксорӣ буд чун эксири мастур аз назар

Ин ғубор аз остони хона мо шуд баланд

Худситое нест кори ишқ , варна дасти шамъ

Баҳри домнгирии парвона мо шуд баланд

Гардани оҳўнгоҳони ӣнқадар раъно набӯд

Аз тамошои дили девона мо шуд баланд

Нолаи ҷонсӯз , соиб дар ғубори серума буд

Ин тараннум чун сапанд аз дона мо шуд баланд