Бо каманди зулф , хубон бар саф дил ме зананд
Оҳи азин дуздон ки раҳро бо слосл ме зананд
Раҳравони каъбаи дил бемурувват нестанд
Корвонро мекунанд огоҳ ва ғофил ме зананд
Нақши ҳақ чун мавҷи оби зиндагонӣ дар назар
Содаи лавҳон бар дили худ нақш ботил ме зананд
намениҳанд онон ки дандон хамӯшӣ бар ҷигар
Бахяи осӯдагӣ бар рахна дил ме зананд
Аз танури лолаи тӯфони хазон сар ме кашад
Андалебони рахнаи деворро гул ме зананд
Ғунча хусбоне ки сар дар ҷайби фикрат барда анд
Бодаи гулрангро дар парда дил ме зананд
Соиби он ҷамъӣ ки захми зиндагонӣ хӯрда анд
Бе таъаммули сина бар шамшер қотил ме зананд