Нақши пардозон муяссар нест тасвираш кунанд

Содаи лавҳи онон ки мехоҳанд тасхираш кунанд

Чун шарар аз санг осонаст берун омадан

Вой бар он кас ки аз ҳайрати замин гираш кунанд

Ғофилӣ аз ҳоли дил , тарсам ки ин вайрона ро

Дигарон бесоҳиб ингоранд ва таъмираш кунанд

Боли иқболи ҳуморо баҳри давр андохтан

Гар ба дасти аҳл дил уфтад пар тираш кунанд

Неъмати алвони оламро кунад хӯн дар ҷигар

Ҳар фақирӣ каз қаноати чашму дил сайраш кунанд

Раҳм кун бар худ , забони шикваи моро бабанд

намешавад маъзул ҳар омил ки тақрираш кунанд

Хати озодӣ буд машқи ҷунун дар малики ишқ

Ҳар ки оқил мешавад ӣнҷо ба занҷираш кунанд

Куштагонро аз хати таслими сар печидан аст

Гар нигоҳи каҷи збитобӣ ба шамшераш кунанд

Кӯдакӣ каз ҷӯад бебаҳрааст дар маҳди замин

Хӯни худро мехӯрд тифлӣ чу ҳам шераш кунанд

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд малик

Боли ҷбрил ар ба даст уфтад пртирш кунанд