Дами зхўоҳш чун мусаффо шуд дами исо буд

Даст чун шуд аз тамаъи кӯтаҳи яди Байзо буд

Ҳеҷ равзан бе фурӯғи офтоб файз нест

Дидаи сӯзан ба кори хештани бино буд

Дар савод шаҳр натавон ишқро пӯшида дошт

Пардаи асрори ошиқи домани саҳро буд

Чашми мо аз хоки азлат май пазиради равшанӣ

Сайқали ойӣнаи мо шҳпри анқо буд

Ҳар ки аз худ шуд тиҳӣ , пар шуд зоби зиндагӣ

Аз сбкбории кадуи тоҷи сари дарё буд

Маҷлиси ороӣ ба дастурӣ ки бояд карда анд

Нури огоҳӣ агар дар дидаи бино буд

Муддао аз васл , лаб аз бӯсаи ширин кардан аст

Рӯзи мотами беҳтар аз идӣ ки беҳалво буд

Партави шамъи таҷаллиро напушади лолаи зор

Фикри соиб дар миёни фикрҳо пайдо буд