Ризқ ҳар кас чун садаф аз олами боло буд

Фориғ аз чини ҷабини муваҷҷаҳи дарё буд

Аз ду олам дар гузаштам то шудам фард аз ҷаҳон

Зӯр бар роҳ оварад чун роҳрав танҳо буд

Маҳв гардад нақш ҳастӣ дил чу гардад сайқалӣ

Ҷавҳари фӯлод дар ойӣнаи нопидо буд

Серума бедорӣ дуздаст хоби посбон

намеравад имон ба ғорати дил чу нобӣно буд

Гар фитад биноу нобӣно ба чоҳӣ аз қазо

Зон миёни хиҷлати насиби дидаи бино буд

Нест садру остон дар маҷлиси равшандилон

Ҷои каф монанди анбар бар сари дарё буд

Аз табассум чун диҳад пайванди дилҳоро ба ҳам ?

Он ки аз чини ҷабини шерозаи дилҳо буд

Гуфтугӯии тӯтӣони соиби саросар қолабӣ аст

Ҳар ки бетаълим мегуяд сухан гуё буд