Осмон то буд , бо мо бар сари бедод буд
Рӯй мо доими тараф бо силии устод буд
Остини чандон ки аФшондими даст аз мо надошт
Дар дили мо решаи ғами ҷавҳари фӯлод буд
Сарв чун шамшер заҳролӯд меомад ба чашм
Бас ки аз сайри гулистон бе ту дили ношод буд
Зинҳор аз хирқа ороён машав ғофил ки ман
Ҳар хашини пӯшӣ ки дидам хонаи сайёд буд
намекунанд аҳли ҳунари номи бузургонро баланд
Бесутуни овозае гар дошт аз Фарҳод буд
Ёди айёмӣ ки моро бар сар аз озодагӣ
Сояи боли ҳумо чун сояи ҷаллод буд
Аз қабули халқи дили сарриштаро гум карда буд
Дасти рад бар синаи мо силии устод буд
Ахтари мо то фурӯғи давлат бедор дошт
Бар чароғи базми мо дасти ҳимояти бод буд
Аз надомати сӯхт ҳар кас бар дили мо захм зад
Марҳами ин сайд аз хокистари сайёд буд
Нола Эй кардему оташ дар ниҳод худ задем
Чун сапанди ороми мо мавқуфи як фарёд буд
Кам балое нест соиби пурсиши арбоби расм
Чашми захми иди мо доими мборкбод буд