Дӯши базм аз шӯри мо як синаи пурҷӯш буд

Талхӣ май маҳв дар гулбонги нўшонўш буд

Наргиси махмури хӯни ақл дар паймона дошт

Ҷилваи мастонаи сайлоби матоъи ҳуш буд

Гарчи доман мекашид аз сояи худ сарв ӯ

Боғ бар гули танг аз хамёзаи оғӯш буд

Бар намеомад садо аз ҳеҷ каси ғайр аз сапанд

Шамъи маҷлис бо забони оташини хомӯш буд

Тираи бахтии ҳамчуи доғи лола дар хӯн ме тапид

Аз фурӯғ май дару девори атласи пӯш буд

Дар қафаси теғи забони мо баромад аз ниёам

Шуълаи овози мо дар гулистони хаси пӯш буд

Гулшан аз хомӯшии мо парда тасвир шуд

Хӯни гул аз шуълаи овози мо дар ҷӯш буд

Ҳеҷ касро соиб аз аҳли сухан рӯзӣ нашуд

Ончӣ аз асбоби ъушрати қисмати мо дӯш буд