Шаб ки домони сари зулфи туам дар чанг буд
Домани саҳрои маҳшар бар ҷунунами танг буд
Дар гулистонӣ ки шабнами қуфли беруни дуруст
Булбули густохи мо пҳлўншини ранг буд
Олимиро душман ҷон кард бо ман нома аш
Амн будам то ҷавоби номаи ман ҷанг буд
Дар баҳористони ваҳдати сабза бегона нест
Даст бар ҳар тори ин қонӯн задам оҳанг буд
То ғубори худпарастии шастам аз лавҳи басар
Рӯ ба ҳар водӣ ки кардам Хизри пешоҳанг буд