Дар сухани гуфтани ?хитои ҷоҳилон пайдо шавад

Тири каҷ чун аз камон берун равад расво шавад

Чун садафи ҳаркас ки дандон бар сари дандон наад

Синааш бе гуфтугӯи ганҷина дарё шавад

Аҳли дилро суҳбат бе насабатони меҳр лаб аст

Ғунча ҳайҳотаст дар домони гулчин во шавад

Сахти ҷонии сади роҳи иттиҳод солик аст

Дар садафи оби гуҳар чун восил дарё шавад ?

Дасту пои боғбон бӯсидан аз дун ҳимматӣ аст

Саъй кун то бе калиди ин дар ба рӯят во шавад

Нохун ғайрат кун носури доғи лола ро

Дар гулистонӣ ки доғи ман чаман пиро шавад

Гар ба хотир бигузаранд чашми хўнбори маро

Косаи гирдоби пари хӯн дар каф дарё шавад

Меҳри хомӯшӣ чаҳ созад бо дили пари шӯри ман ?

Ҳалқаи гирдоб чун меҳри лаб дарё шавад ?

Аз лаби ширин ӯ ҳар ҷо ки ҳарфӣ бугзарад

Дар шукри тӯтӣ чу мағзи писта нопидо шавад

Гавҳарӣ дорам кигар аз ҷайб берун оварам

Аз фурӯғаши пилаи мизони яд Байзо шавад

Пардаи пиндори сади роҳ ваҳдат гашта аст

Чун ҳубоб аз худ кунад қолаби тиҳӣ , дарё шавад

Нисбати хафоаш бо исо , чу исо бо худост

намешавад исои худо , хафоаш агар исо шавад

Дасти рад бар сина дарё гузорад чун садаф

Ҳар ки соиби ошнои олам боло шавад