Дар дили ҳаркас ки завқи ҷустуҷӯ пайдо шавад

Қатрааш дар айни гавҳари восил дарё шавад

Парда бегонагӣ бошад ба қадари ошно

Вақти он каси хуш ки аз халқи ҷаҳон якто шавад

Аз Зулайхоӣ ҷаҳон бигурез то ҳар ҷо дарӣ аст

Бе калиди саъй чун Юсуф ба рӯят во шавад

Дар сар бе мағзи давлатро урӯҷ дигараст

Дар Нитсаатон оташ беболу пар раъно шавад

Аз парешоне фитад домони ҷамъият ба даст

Зулф аз ошуфтагии шероза дилҳо шавад

Сайқал чашмаст дидори азизи дӯстон

Ҳар ки аз Юсуф ҷудо афтод нобӣно шавад

Тарк тадбираст дармон дар хатари афтода ро

Киштӣ бе нохудои солими азин дарё шавад

Ваҳшати маҷнӯни зимоми ноқа Лайлӣ гирифт

Дилбари маҳҷӯби ром аз роҳ истиғно шавад

Парда пӯшӣ кард урёни гавҳари рози маро

Накҳати гул аз ҳуҷуми барги гул расво шавад

Кор чун бо ҷазба уфтад раҳнамои санг раҳ аст

Кӣ муқайяди ҳиммати солик ба нақш по шавад ?

намешавад ҳар гирдбоди ангушти зинҳор дигар

Гар ғубори хотири ман доман саҳро шавад

Аҷзи худ хотирнишони давр гардон ме кунад

Дар муҳӣти маърифати дастӣ агар боло шавад

Ҳар гронхўобӣ намегардад ба соиби ҳам хаёл

Қоф ҳайҳотаст ҳам парвоз бо анқо шавад