Соғар май давр аз он лабҳо агар як дам шавад
Хат ба гирди соғар май ҳалқа мотам шавад
Дасти арбоби мурувват дар ҳиноӣ ғифлат аст
Захми моро хӯни гарми мо магар марҳам шавад
Ишқ дорад домҳо дар хок дар ҳар зарра Эй
Варна танҳо донае чун раҳзан одам шавад ?
Наргиси масти ту аз май мешавад ҳушёртар
Серумаи хоби гарон дар чашми оҳӯ Ром шавад
Барқро осӯдагӣ дар ҷома фонӯс нест
Рози ошиқи ахгари пероҳан муҳаррам шавад
Дар хам ҳар ҳалқаи як олами парешон хуфта аст
Оҳ агар он зулф аз боди сабо дарҳам шавад
Саркашӣ то чанд хоҳӣ кард эй абрўкмон ?
Сабр он дорам ки зӯри ин камонҳо кам шавад
Бесутунро ҷон ширин кард дар тани кӯҳкан
Ишқ агар бар санг андозад назар одам шавад
Дидаи умеди мо аз орзӯ пар ме шавад
Соғари хуршед агар лабрез аз шабнам шавад
Ҳар ки рӯи орад ба тўФи каъба бо ашки ниёз
Нақши поиши пайравонро чашма замзам шавад
Фикр равшан мекунад ойӣнаи идрок ро
Сар мапӣч аз косаи зону ки ҷом ҷам шавад
Аз ғубори ғами фалакҳо муҳра гул гашта анд
Дили дарин мотами саро чун мешавад беғам шавад ?
Поикш чун каъба дар доман ки дар малики вуҷӯд
Ҳар ки дар доман кашад пои қибла олам шавад
Водӣ номаст санги роҳи арбоби карам
Ҳар ки соиби таии ин водӣ кунад ҳотам шавад