Кӣ ба васл аз синаи ошиқи таманно кам шавад ?

Нест мумкини тишнагӣ аз оби дарё кам шавад

Домани саҳрои набарди азхотри маҷнӯни ғубор

Ин на он гирдаст каз домони саҳро кам шавад

намекунад шӯри муҳаббатро хамӯшӣ мояи дор

Чун сари хам боз бошад ҷӯши саҳбо кам шавад

Гиряи равғани куштани оташ буд сӯрат пазир

Мумкинаст аз равғани бодоми савдо кам шавад

Аз дурӯён дар ҷаҳони осор икрнгӣ намонад

Коши зини гулзори ин гулҳои раъно кам шавад

Гарчи дар санги маломат чун шарар гардад ниҳон

Аз сари девона ҳайҳотаст савдо кам шавад

Нест мумкини пухтагии таҳсил кардан дар ватан

Хомии анбари куҷо аз ҷӯши дарё кам шавад ?

Бо нафас натавон ғубор аз синаи ойӣнаи барад

Ишқ дардӣ нест каз тадбири исо кам шавад

Дидаи ойӣнаро дар хоб кардан мушкил аст

Хираи чашмонро куҷои завқи тамошо кам шавад ?

Риштаи тӯли амлро ҳирс месозад дароз

Ҳирс ҳайҳотаст аз перони дунё кам шавад

Барқ агар дарҳами навардади соиби ин гулзор ро

Нест мумкини хорӣ аз боғи таманно кам шавад