Бо вуҷӯди марг , кӣ ҳастӣ гуворо мешавад ?
Талхии мотами куҷои ширин ба ҳалво ме шавад
Бар сари бозор чун ойӣнаҳои содаи лавҳ
Ҷавҳари бенаӣами харҷ тамошо ме шавад
Ҳар баландӣ паст мегардад ба тадриҷи замон
Охири ин кҳсорҳои домон саҳро ме шавад
Кӯҳкан аз нақши ширини пушти худ бар кӯҳ дод
Лоф бекораст ҳарҷо кор гуё ме шавад
Аз ҳуҷуми оҳӯони саҳро ба маҷнӯн танг шуд
Ишқ дар ҳарҷо буд ҳангома пайдо ме шавад
намефитад дар риштаи корами зи гавҳари сад гиреҳ
Чун садафгар уқдае аз кори ман вомӣ шавад
Гар чунин болад ба худ боғ аз навиди мақдамат
Сабзаи хобидааш чун сарв раъно ме шавад
Санги роҳи иттиҳод соликаст афсурдагӣ
Чун гуҳар шуд қатраи давр аз васл дарё ме шавад
Дидаи ҳаркас ки равшан шуд ба нури иттиҳод
На фалак дар дидааш як чашм бино ме шавад
Байза аз фарёди булбул чун ҷараси нолон шуда аст
Ишқ дар гаҳвораи нотиқи ҳамчу исо ме шавад
Бар дад ва домаст хӯни ошиқони соиби ҳаром
Дар даҳони шери маҷнӯн бемуҳобо ме шавад