Дил ба душман чун мулоим шуд мусаффо ме шавад
Санг бо оташ чу нармӣ кард мино ме шавад
эй насим бе муруввати боддстии вогузор
Субҳ май сӯзади нафас то ғунчае вомӣ шавад
Чун равад беруни зи боғи он Юсуфи гули перҳан
Гул ба домнгириши даст Зулайхо ме шавад
Гирди исёни баҳри раҳматро наме орад ба ҷӯш
Соф гардад сайл чун восил ба дарё ме шавад
Хоксорони қадрдон суҳбат якдигаранд
Май ҷҳми гардӣ агар аз давр пайдо ме шавад
Хира мегардад назар аз партави холи Рахш
Зарраи ин бум ва бар хўршидсимо ме шавад
Бо хаёли ёри суҳбати доштани хуш давлатӣ аст
Май барам ғайрат бар он ошиқ ки танҳо ме шавад
Ин қадари кайфияти дидор ҳам мебӯдааст ?
То арақ аз чеҳрааш гул кард саҳбо ме шавад
Соиб аз андешаи он зулфу кокули даргузар
Фикр чун бисёр дар дил монад савдо ме шавад