Ҳастӣ зоҳири ҳиҷоби қурб яздон ме шавад
Зарраи ӣнҷои пардаи хуршед тобон ме шавад
Дар дили мо хоксорон ишқ мегардад ҳавас
Дар суфоли мо хасу хошок райҳон ме шавад
Ишқрогар ихтиёрӣ ҳаст дар воқеъ , чаро
Чун Зулайхо бад кунад Юсуф ба зиндон мешавад ?
Кӯҳ ва саҳро омад аз шӯри ҷунуни мо ба танг
Танги ҷо бар суфраи ӣнҷо аз намакдон ме шавад
Дар диёри мо ки худбинии ҳиҷоб матлаб аст
Чун шикасти ойӣнаро тӯтӣ схндон ме шавад
Ҳар ки миъроҷи фаноро соиби орад дар назар
Чун шарар аз суҳбати оташ гурезон ме шавад