Ҷони зтрки ҷисм чун гавҳар фурӯзон ме шавад

Чун бухор аз гул барояд абр Нитсаон ме шавад

Тарки хоҳишро ҳаёти ҷовдонӣ лозим аст

Обрӯ чун ҷамъ гардад об ҳайвон ме шавад

Дар ҳавои донаи наълаш ҳамчунон дар оташ аст

Пойтахти мӯр агар даст сулаймон ме шавад

Бигноҳӣ кам гуноҳӣ нест дар девони ишқ

Юсуф аз домони поки худ ба зиндон ме шавад

Маҳв рӯй дӯсти азхўоби парешон эмин аст

Хона дар баста гардад ҳар ки ҳайрон ме шавад

Азншоти аҳли дил зоҳрпрстон ғофиланд

Пистаи доим дар миёни пӯст хандон ме шавад

Аҳли ғифлатро раҳоӣ нест аз зиндони хок

Пой хоб олуд охири гирд домон ме шавад

Ишқ дорад дар либоси шарми пинҳони ҳасан ро

Шамъ дар фонӯс аз парвона пинҳон ме шавад

Нури чашми ман чу шамъ аз гиряи гарм ман аст

Хонаи аҳли карами равшани з меҳмон ме шавад

Ҳар киро аз даст мегирад ҳавои дили Аннан

Гирдбоди домани саҳроӣ имкон ме шавад