Махзани гавҳари садаф аз таҳ гузинӣ ме шавад

Кафи сабк дар баҳр аз болоншинӣ ме шавад

Ҳар пари коҳӣ буд дар дидааш боли ҳумо

Соҳиби хирман касе каз хӯша чинӣ ме шавад

Кӯтаҳандишон зи истиқболи ғам осӯда анд

Дардҳои нася , нақд аз дурбинӣ ме шавад

Дар мақом хеш бошад чўбкориро самар

Чӯби гули сўдоиёнро чӯб чинӣ ме шавад

Риштаи Марями каманди сӯзан исо нашуд

Рӯҳҳои осмонӣ кӣ заминӣ мешавад ?

Сода лавҳӣ мекунад ҳамвор бар худ ҳар чаҳ ҳаст

Риштаи ҷони пургиреҳ аз хурда бинӣ ме шавад

Бо дил нозук кунад андаки малолии кори санг

Мӯии саҳлии серумаи овоз чинӣ ме шавад

Соф бо офоқ кун соиби дили худро ки субҳ

Машриқи хуршед аз равшан ҷабинӣ ме шавад