Дидаи равшан аз фурӯғ ошноӣ ме шавад

Ризқ чашмаст ончии сарф равшаноӣ ме шавад

Ҳар ки хоки нестӣ дар чашми худ бинӣ нарехт

Гарчи дар хилват кунад тоъат риёе ме шавад

Нақши ширини басти роҳи гуфтугӯ бар кӯҳкан

Сахти рӯеи сади роҳ ошноӣ ме шавад

Риштаи пайванди ёронро баридан саҳл нест

Чеҳраи барги хазони зард аз ҷудоӣ ме шавад

Ин гушоишҳо ки дар бегонагии ман дида ам

Ҳайф аз авқотӣ ки сарф ошноӣ ме шавад

Май хўрндши мардуми кӯтоҳи байни охир ба чашм

Ҳар ки чун маи фарбеҳ аз нур гадоӣ ме шавад

Нохуни тадбири биҷои хӯни худро ме хӯрд

Уқдаи дил , боз аз бедаст ва пое ме шавад

Ҳар сароеро чароғӣ ҳаст соиб дар ҷаҳон

Хонаи дили равшан аз нур худоӣ ме шавад