Ҷӯш гул шуд бодаи срҷўш мебояд кашид
Ҳалқа аз соғар ба гӯши ҳуш мебояд кашид
Гулшан аз нозуки ниҳолони як тани симин шуда аст
Боғро чун абр дар оғӯш мебояд кашид
Дар лаби хомӯши соғари гуфтугӯ бисёр ҳаст
Пунба чун миноӣ май аз гӯш мебояд кашид
Бодаи гулрангро бо соқёни глъзор
Бар рухи гулҳои шабнами пӯш мебояд кашид
Нест ҳар афсурдаро аз гавҳари ирфони хабар
Ҳарфи ишқ аз синаи пурҷӯш мебояд кашид
Ҳӯшёрони хӯни мисатонро ба соғар ме кунанд
Бодаро бо мардуми биҳуш мебояд кашид
Розҳои сар ба меҳри синаи майхона ро
Аз лаби паймонаи хомӯш мебояд кашид
Муддатии саҷҷодаи тақво ба дӯши андохтӣ
Чанд рӯзии ҳам сабу бар дӯш мебояд кашид
Май баради ширинӣ бисёр дилҳоро зкор
Ҳарфи талхӣ зон лаб чун нӯш мебояд кашид
Базм чун пуршӯр бошад мутрибӣ дар кор нест
Бода дар гулбонги нўшонўш мебояд кашид
Бо забон натавон баромад бо нўоснҷони ишқ
Ҳарфи соиб чун бар ояд гӯш мебояд кашид