Ҷӯш гул шуд , бодаи гулранг мебояд кашид
Интиқом аз чархи пари найранг мебояд кашид
Ғабғаби ҷому гулӯии шиша мебояд гирифт
Домани соқӣу зулфи чанг мебояд кашид
Буи хӯн меояд аз ҷоми шароби лолаи гаван
Дар ҳавоитар , май бирнг мебояд кашид
Чангу авду барбату қонӯн мукаррар гашта аст
Нағма аз мурғони сайри оҳанг мебояд кашид
Мавсими пой гуласту сояи беду чанор
Пой аз масҷид ба узри ланг мебояд кашид
намезадойад занг аз дили сабзаи знгоргўн
Миннати равшангарони зини занг мебояд кашид
Дар фазои ақли бол бихўдӣ натавон гушӯд
Рахти беруни зини ҷаҳони танг мебояд кашид
Пардаи шарму ҳаё дар пардаи шаб чун насим
Аз рухи гулҳои рангоранг мебояд кашид
То раги абр баҳорон мекашад машқи ҷунун
Хат ба ақлу донишу фарҳанг мебояд кашид
Ҳамчуи маҷнӯн , домани саҳро агар уфтад ба даст
Баҳри бозӣгоҳи Тифлони санг мебояд кашид
Бар раги ҷони нўопрдози соиби ҳамчуи чанг
Дастӣ эй дилдори заррини чанг мебояд кашид