Хор дар пероҳан фарзона мерезем мо
Гул ба доман бар сар девона мерезем мо
Қатра гавҳар мешавад дар домани баҳри карам
Обрӯии хеш дар майхона мерезем мо
Дар хатаргоҳи ҷаҳони фикр иқомат ме кунем
Дар гузори сайл , ранг хона мерезем мо
Дар дили мо шиква хунин намегардад гиреҳ
Ҳар чаҳ дар шишааст , дар паймона мерезем мо
Дар бисоти мо чу абри навбаҳорон бухл нест
Ҳар чаҳ меояд ба каф , риндона мерезем мо
Интизори қатл номардӣаст дар ойини ишқ
Хӯни худ чун кӯҳкан мардона мерезем мо
Дарди худро мекунем изҳори пеши оқилон
Дар замини шӯри доим дона мерезем мо
Ҳар чаҳ натавонем бо худ баради азин ибрати саро
Ҳаст то фурсат , бурун аз хона мерезем мо
Бас ки сахтӣ дидаем аз зиндагонӣ чун шарор
Хурдаи ҷонро сбкрўҳонаҳ мерезем мо
Талхком аз нахли бороўри гузаштан мушкил аст
Санг чун атфол бар девона мерезем мо
Хӯшаи умед мо хоҳад ба гардун сар кашид
Дар замини хоксорӣ дона мерезем мо
Ҳиммати моро назар бар коса дарюза нест
Баҳри ҷои қатра дар паймона мерезем мо
Дар ҳарими зулф агар накушояд аз мо ҳеҷ кор
Обӣ аз мижгон ба даст шона мерезем мо
намешавад маъшӯқи ошиқ чун кунад қолаби тиҳӣ
Шамъ аз хокистар парвона мерезем мо
Резиши моро назари соиб ба истеҳқоқ нест
Пеш ҳар мурғӣ ки бошад дона мерезем мо