Гар ба зоҳир чун лаб паймона хомӯшем мо

Аз таҳи дил чун хами сарбаста дар ҷӯшем мо

Гар дар он миҳроб абрӯ нест моро роҳи ҳарф

Аз дуъогӯёни он субҳ биногвашем мо

Аз насимӣ мешавад бунёди мо зеру зибр

Баҳр ҳастиро ҳубоби хона бар дӯшем мо

Ризқи мо аз шаҳд чун занбӯри ғайр аз неш нест

Варна ин майхонаро саҳбои срҷўшими мо

Аз дили равшани раги хоби ҷаҳон дар дасти мост

Гар ба зоҳири ҳамчуи чашм ёр мадҳушем мо

Наъли ворунӣ буд хамёзаи оғӯши мо

Варна ҳамчун мавҷ бо дарё ҳам оғӯшем мо

Гарчи фонӯс хаёлем ин замони соиби зи фикр

Чашм то бар ҳам занӣ , хоб фаромӯшем мо